Семинари таълимию методӣ дар мавзуи “Рушди мақомоти гумрук дар даврони Истиқлолият”

Бинанда: 375 | Санаи нашр: 25 Октябр 2024

Рӯзи 24.10.2024 дар кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари таълимию методӣ дар мавзуи “Рушди мақомоти гумрук дар даврони Истиқлолият” бо иштироки мутахассиси раёсати таълим Пулатова Ш., декани факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук Ҳомидов А.Н., и.в. мудири кафедра Ғаюрӣ Р.С. ва донишҷӯёни курсҳои чоруми ихтисоси 960101-хадамоти гумрук  баргузор гардид.

Нахуст, семинарро и.в. мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Раъно Ғаюрӣ ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки мақомоти гумруки кишвар бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсис дода шудааст. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули қисми даромади буҷети давлатӣ ва таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақш ва саҳми назаррас дорад. Фаъолияти мақомоти гумрук серсоҳа буда, аз масъалаҳои мубориза бар зидди қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, содироти арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, назорат аз болои содироти маводҳои стратегии барои ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва наботот зарарнок иборат мебошад.

Сипас, профессори кафедра Раҷабов Р.К. дар мавзуи “Рушди мақомоти гумрук дар даврони Истиқлолият” ва н.и.и. Алиев М.Б. дар мавзуи “Рушди инфрасохтори мақомоти гумрук” маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет Ҳомидов А.Н., профессор Нидоев Н.Ф., дотсент Ҳикматов С.И. ва и.в.мудири кафедра Ғаюрӣ Р.С. дар музокира иштирок намуда, фикру андешаҳои худро оид ба масъалаи мазкур баён намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top