Санаи 18.10 2024 дар факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба “Иди Меҳргон” барои донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 40010202– технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), бо роҳбарии сарпарасти гурӯҳ Ҷамила Шарифова баргузор гардид.
Нахуст, сарпарасти гурӯҳ устодон ва донишҷӯёни дар дарс иштирокдоштаро ба муносибати “Иди Меҳргон” самимона табрик намуда, қайд намуд, ки Ҷашни Меҳргон дар кишварамон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, мақоми иди миллиро гирифтааст.
Воқеан, ҷашни Меҳргон мероси арзишманди ниёгонамон буда, барои мо ворисон мояи ифтихор аст. Аз нигоҳи илми нуҷум ин ҷашн асоси илмӣ дошта, аҷдодони мо дар замонҳои хеле қадим аллакай ба бисёр кашфиётҳои ҳаётан муҳим даст ёфтаанд.
Ҳамасола Меҳргон дар саросари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта шуда, дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳот ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ бо фарогирии вижагиҳои худ, бо барномаҳои рангини фарҳангӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзию боғдорӣ, маснуоти дастии ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда мешавад.
Сипас, донишҷӯён дар мавзӯъҳои “Иди Меҳргон дар гузашта”, “Ободонӣ, кабудизоркунӣ, ороиш ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист” ва “Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
Дар дарси тарбиявӣ сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Авғонов С.М., сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ Саидов С., муовини декани факултет оид ба тарбия Ғафуров Р., ва омӯзгорони факултет иштирок намуданд.