Рӯзи 22-юми октябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” Намоишгоҳи дувоздаҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” кори худро оғоз намуд, ки он то санаи 24-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбад.
Дар Намоишгоҳ ноширони ватанию хориҷӣ китобҳои тозанашри худро ба маъраз гузоштанд. Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар рӯзи кушодашавии Намоишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо китобҳои тозанашри ноширон шинос гардиданд.
Дар рӯзҳои минбаъдаи кори Намоишгоҳ иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои иқтисод ва тиҷорат, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук ба нақша гирифта шудааст.