МУЛОҚОТ БО ВОЛИДАЙН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КУРСҲОИ ЯКУМ

Бинанда: 428 | Санаи нашр: 21 Октябр 2024

Санаи 19.10.2024 садорати факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳдошти раванди таълиму тарбияи донишҷӯён, мустаҳкам намудани робита бо волидайни донишҷӯён, инчунин ҷиҳати иҷрои банди 6-и нақшаи кори Шӯрои волидайни факултет вохӯрӣ бо волидайн баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н., муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, н.и.и., дотсент Ҳисориева Г.Т., сардори раёсати таълим н.и.ф.м., дотсент Маҳмадуллоев З.Н., сардори раёсати тарбия н.и.ф., дотсент Авғонов С.М. ва декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Хоҷаев Д.Х. иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Дар вохӯрии имрӯза қайд гардид, ки раванди таълиму тарбия, сифати таълим, иштироки донишҷӯён ба дарсҳо, маҳфилҳои илмӣ ва олимпиадаҳо, ташкили коллективи мустаҳками боҳамдӯстии донишҷӯён, дар замири донишҷӯён ташаккул додани шуурнокии сиёсӣ, фаъолнокии ҷамъиятӣ, ақидаю эътимодҳои илмӣ, меҳнатдустӣ, миллатшиносию миллатдустӣ ва ифтихори миллӣ, зарару оқибатҳои нашъамандӣ, дар замири донишҷӯён тарбия намудани майлу рағбат ба илмомӯзию донишандӯзӣ, омӯзиши мустақилонаи адабиёти илмию бадеӣ, иҷрои талабот ва тартиботи дохилии донишгоҳӣ, нагаравидан ба ҳар гуна ҳаракат ва ҳизбҳои терористӣ, оид ба масъалаҳои пешгирӣ аз нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ғайра суҳбат доир намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба як қатор донишҷӯёни фаъоли факултет ифтихорномаю сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Садорати факултет минбаъд баргузории чунин чорабиниҳоро бо мақсади амали намудани масъалаҳои дар боло зикршуда идома хоҳад дод.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top