БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “КАДБОНУ”

Бинанда: 460 | Санаи нашр: 18 Октябр 2024

Санаи 17-уми октябри соли 2024 дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯдухтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ маҳфили доимамалкунандаи “Кадбону” баргузор гардид.

Дар маҳфили навбатӣ аз ҷониби роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони донишгоҳ Ҷамила Ғафурова тарзи омода намудани як навъи кулчақанд ва таоми миллӣ – лағмони дастиро амалан ба донишҷӯдухтарон омӯзонида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top