Садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти раванди таълиму тарбияи донишҷўён, мустаҳкам намудани робита бо волидайни донишҷӯён, инчунин ҷиҳати иҷрои банди 6-и нақшаи кори Шўрои волидайни факултет вохӯрӣ бо волидайни онҳоро баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур муовини якум, муовини ректор оид таълим н.и.и., дотсент Қурбонов А.Р., муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н., сардори раёсати таълим н.и.ф.м., дотсент Маҳмадуллоев З.Н., сардори раёсти тарбия н.и.ф., дотсент Авғонов С., декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук .н.и.и., дотсент Ҳомидов А.Н. иштирок намуда, дар бораи раванди таълиму тарбия, сифати таълим, иштироки донишҷӯён ба дарсҳо, маҳфилҳои илмӣ ва олимпиадаҳо суҳбат доир намуданд.