16-уми октябри соли 2024 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Муродзода Нуралӣ Умаралӣ бо доираи васеи омӯзгорону донишҷуён, мудирони кафедраҳо, деканони факултетҳо ва сардорони раёсатҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Абдукарим Қурбонов - муовини якум, муовини ректор оид ба таълим ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайра мақдам гуфта, суханро барои маърӯза ба Муродзода Нуралӣ Умаралӣ вогузошт.
Муродзода Нуралӣ Умаралӣ дар мавзӯи “Ифротишавии ҷомеа ва гаравиши ҷавонон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ” тибқи рӯнамо маърӯзаи пурмазмун намуда, дар бораи созмонҳои террористиву экстремистӣ, гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротгароӣ, экстремизми динӣ, роҳҳои пешгирӣ ва шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таъкид намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки бархе аз ҷавонон ба ҷойи илмомӯзию аз худ намудани донишҳои замонавӣ, ба таассубу хурофотпарастӣ дода шуда, шомили гурӯҳу ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ гардида, даст ба ҳодисаҳои нангин мезананд ва обрӯю эътибори миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонанд.
Гуфта шуд, ки яке аз омилҳои асосии гаравидани наврасону ҷавонон ба созмонҳою ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ин машғул шудан ва гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар мадрасаҳои ғайрирасмии ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон дод, ки қисми зиёди ҷавонон маҳз пас аз хатми ин гуна мактабҳо шомили созмонҳою ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мегарданд. Имрӯз масъалаи гаравиши ҷавонони кишвар ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ хело нигаронкунанда мебошад, зеро аксарияти шомилшудагон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ чавонони синну солашон аз 17 то 30 сола мебошанд.
Қайд гардид, ки истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили фейсбук, инстаграм, одноклассники, ютуб ва ғайра ҷавонони ноогоҳро ба роҳҳои нодуруст ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ шомил мегардонад.
Боиси таассуф аст, ки ин қабил ашхос дониши кофии динӣ надоранд, вале кӯшиш мекунанд, ки бо роҳи таблиғу ташвиқ дигаронро ба ташкилотҳои террористию ифротгароӣ ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ҳушёр бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ақли солимро ба кор барем, то ин ки сулҳу суботи кишвар, оромиву осоиштагии онро халалдор накарда, баръакс онро тақвият бахшида боз ҳам мустаҳкамтар намоем.
Муродзода Нуралӣ Умаралӣ ба аҳли толор иброз дошт, ки ҳоло ҷаҳони муосир ба хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ аст ва баъзе аз ин хатарҳо ба кишвари азизамон - Тоҷикистон низ таъсир расонида метавонад. Аз ин лиҳоз, падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаи моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида дар таълиму тарбияи фарзандон бомасъулият бошем ва дар атрофи сиёсати оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, дар таъмини сулҳу субот ва ободию шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон саҳми бештар гузорем.
Дар хотимаи вохӯрӣ Абдукарим Қурбонов аз номи раёсати донишгоҳ ба Муродзода Нуралӣ Умаралӣ барои маърӯзаи пурмуҳтаво ва суҳбати самимию муфид арзи сипос намуда, иброз дошт, ки омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати ҷумҳуриро ҷонибдорӣ намуда, ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм муборизаро пурзӯр хоҳанд кард.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа