Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ин баъд дар шакли электронӣ маводҳои конфронсҳое, ки дар донишгоҳ гузаронида мешавад, дар сомонаи расмии донишгоҳ ҷой дода мешавад.
Мақсади нашри маводҳои конфронсҳо дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон осон намудани дастрасии умум ба маводҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ мебошад. Ин тадбир имконият медиҳад, ки донишҷӯён, олимон ва дигар шахсони манфиатдор аз натиҷаҳои конфронсҳо ва маводҳои илмӣ, ки дар донишгоҳ баргузор мешаванд, ба таври электронӣ истифода бурда, дониш ва малакаи худро такмил диҳанд.
Ин иқдом ба хотири васеъ намудани имкониятҳои рақамикунонии таҳсилот, эҷодкору навовар, инчунин ҷиҳати мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст.
Хонанда ва муаллифи арҷманд! Шумо метавонед мақолаҳои худро барои конфреренсияҳои, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргӯзор мегардад, бемамоният пешниҳод намоед. Мақолаҳои Шумо ба таҳияи маводҳои илмӣ ва амалӣ мусоидат намуда, ба хонандагони дигар дар рушди дониш ва малакаҳои илмӣ кӯмак хоҳад кард.
Барои ин, ба бахши "Илм ва инноватсия" даромада, сипас ба зербахши "Конфронсҳо" гузаред: https://tguk.tj/index.php/tj/talim/konfrons-o.html
Раёсати илм ва инноватсия