СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ - АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ СОҲИБКОРОН

Бинанда: 464 | Санаи нашр: 14 Октябр 2024

Рӯзи 14.10.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” бахшида ба Рӯзи соҳибкорон бо иштироки доираи васеи олимон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.

Нахуст семинарро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо Рӯзи соҳибкорон табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки рушди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Соли 2001 мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид, ки он барои фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ замина гузошт.

Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта аз ҷониби Президенти мамлакат се маротиба солҳои 2009-2010, солҳои 2012-2014 ва солҳои 2019-2020 ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мораторий эълон гардид, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар рушд карда, имруз соҳибкорӣ омили муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, махсусан саноатикунонии босуръати кишвар яке аз омилҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Сипас, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Алимов К.К. дар мавзӯи “Соҳибкорӣ ва нақши он дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар”, сардори маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ, н.и.и., дотсент Мухторзода С.С. дар мавзӯи “Дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия, н.и.и. Амонов С.С. дар мавзӯи “Таъмини фазои мусоид – кафолати рушди фаъолияти соҳибкорӣ” ва муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодиров А.В. дар мавзӯи “Ташаббуси иқтисоди сабз дар таъмини рушди устувор” бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Инчунин, дар ҷамъбасти семинар н.и.и., дотсент Ҳамитов М.С. дар музокира иштирок намуда, андешаҳояшро баён намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top