Санаи 11-уми октябри соли 2024 намояндагони ҶДММ “АГ МЕНЕҶМЕНТ” Сайдуллоева Нигора ва Шарипов Муҳаммадҷон ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати бастани шартномаи ҳамкорӣ ташриф оварданд. Дар рафти мулоқот бо роҳбарияти донишгоҳ шартномаи ҳамкорӣ оид ба таҷрибаомӯзии истеҳсолию пешаздипломӣ ва минбаъд ба кор қабул намудани хатмкунандагони донишгоҳ ба имзо расонида шуд.
Инчунин, намояндагони ҶДММ “АГ МЕНЕҶМЕНТ” Сайдуллоева Нигора ва Шарипов Муҳаммадҷон бо доираи васеи донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуда, оид ба фаъолият ва имкониятҳои ширкат ба донишҷӯён тавассути рӯнамо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ донишҷӯён ба музокира баромада, ба саволҳои худ аз намояндагони ширкат ҷавобҳои дақиқ гирифтанд.