Имруз, 12 октября соли 2024, дар шаҳри Душанбе бо иштироки Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Токикистон Ҳоким Холиқзода маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи соҳибкорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ зикр шуд, ки рушди соҳибкорӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самтҳои гуногуни иқтисодиети миллӣ муҳим аст. Қайд гардид, ки маҳз бо дастгирии Президенти мамлакат ба соҳибкорон имтиёзҳо ва сабукиҳо дар фаъолияташон дода шудааст. Аз ҷумла, пешниҳоди қарзҳои хурд, коҳиш додани шумораи мақомоти санҷишӣ, бо тадриҷ аз байн бардоштани монеаҳо аз ҳамин қабил мебошанд. Ҳадафи форуми мазкур тақвияти ҳамкорӣ байни соҳибкорон ва вусъати муколама байни бахши давлатӣ ва хусусӣ, дарёфти имкониятҳои рушди стартапҳо мебошад.
Инчунин, Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Токикистон профессор Назарзода Хайрулло Холназар барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиети мамлакат, корҳоӣ ободонию созандагӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, саҳмгузорӣ дар раванди рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар ба муносибати ҷашни "Рузи соҳибкорон" ба Ифтихорномаи Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Аҳли раёсати Донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён қадрдонии профессор Назарзода Хайрулло Холназарро табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатии комилу умри дарози бобаракат, сарфарозию саодатмандӣ ва дар фаъолияти кориашон дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамояд