Санаи 09.10.2024 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон давраи якуми олимпиадаи “Беҳтарин донандаи ҳуқуқ” бахшида ба 30 солагии “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли “Маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур, ки фарогири донишҷӯёни ихтисосҳои ғайриҳуқуқӣ буд, дар маҷмуъ 60 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Ғолибони даври якум ба даври навбатии олимпиада роҳхат гирифтанд.