МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР

Бинанда: 562 | Санаи нашр: 03 Октябр 2024

Санаи 3-юми октябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор ботантана таҷлил гардид.

Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Назарзода Хайрулло Холназар суханронӣ намуда, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандонро бо ин ҷашнҳои фархунда табрик намуд.

Ректори донишгоҳ зимни суханронии худ зикр намуд, ки забони давлатӣ, ки сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обуранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст, дар тӯли таъриху тамаддуни чандинҳазорсолаи миллати тоҷик бо вуҷуди монеаю мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда, ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмию адабӣ, фарҳангию маънавӣ ва сиёсию иҷтимоии тоҷикон будааст.

Тавре Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор иброз доштанд, “Осори ҷовидонаи бо забони ноби тоҷикӣ таълифшудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмию адабӣ ва ахлоқию маънавӣ ғанӣ гардонидааст.  Ҳамчунин, мояи сарфарозии ҳар як фарди миллат аст, ки имрӯз забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад”.

Бо дарназардошти аҳамият ва зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургию неруи воқеии он Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намуданд, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдори Кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр ва воситаи пайванд бо рисолати тамаддунсозию фарҳангсолории халқамон мебошад.

Тавре медонем, ҳадаф аз ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ аз як тараф гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи тоҷикӣ, аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Вобаста ба ин, ҳар яки мо аз хурд то бузург, вазифадор ҳастем, ки баҳри ҳифзу тозагии забони давлатӣ талош варзем ва дар татбиқи амалии қонуни зикргардида саҳми арзишманд гузорем.

Чун дар арафаи иди касбӣ - Рӯзи омӯзгор қарор дорем, мехоҳам заҳмату бузургии муаллимро бо суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар яке аз суханрониҳояшон дар Рӯзи дониш баён карда буданд, тақвият бахшам. “Омӯзгорон гурӯҳи пурнуфузе мебошанд, ки рисолати мафкурасозии миллат ва ҷомеа, босаводу бомаърифат гардонидани наслҳои наврас ва барои кишвар ба камол расонидани кадрҳои ояндасоз ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Аз ин хотир, мо минбаъд низ барои тақвияти мақоми омӯзгорон дар ҷомеа чораҷӯӣ мекунем”.

Воқеан ҳам, суханону амалҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вақт бо ҳам тавъаманд. Пешниҳоди Президенти маҳбуби кишвар дар бораи дар муддати шаш моҳ Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” - ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудан, далели чунин гуфтаҳо ва ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбат ба соҳаи маориф ва кормандони он мебошад.

Вобаста ба ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат, бахусус, Пешвои муаззами миллат, боварӣ дорем, ки шумо омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар рушди минбаъдаи соҳаи маориф, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш ва заҳмати бештар ба харҷ медиҳед.

Сипас, ба якчанд омӯзгорони фаъол барои саҳми арзанда гузоштан дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисмати фарҳангии ҷамъомад барномаи омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” – и донишгоҳ, ки аз суруду рақсҳои зебо дар васфи омӯзгор ва забони давлатӣ иборат буд, хотири ҳозиринро шоду болида гардонид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top