СЕМИНАРИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Бинанда: 579 | Санаи нашр: 02 Октябр 2024

Санаи 1-уми октябри соли 2024 бо ибтикори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук семинари илмию амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои рушди ҳамгироии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок варзиданд.

Семинарро сардори раёсати илм ва инноватсия, н.и.и., дотсент Султонов З.С. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар идомаи чорабинӣ декани факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук, н.и.и., дотсент Ҳомидов А.Н. ва мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, н.и.и., дотсент Рустамзода Ф.М. доир ба мавзуи мазкур суханронӣ намуданд.

Сипас, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи беҳтарин корҳои илмӣ дар соли 2024 дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ИДМ Нурмаҳмадов З.М. дар мавзӯи “Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда”, ассистенти кафедра Азимбоев Д.З. дар мавзуи “Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити муосир” ва донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси 23010103-ташкили робитаҳои байналмилалӣ Ҳасидов А.А. дар мавзуи “Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар фарҷоми семинар дар байни иштироккунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top