1-уми октябри соли 2024 дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занону бонувони фаъоли вазорату идораҳо ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Забон-рукни асосии ҳастии миллат ва давлат” бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар иштирок намуданд.
Дар конференсия маърӯзаҳо оид ба забони миллӣ ҳамчун ойинаи пурҷилои таърих, хираду маърифати миллат ва фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокдорон баррасӣ карда шуд.
Абдураҳмонзода Мастура, профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар баромади худ иброз намуд, ки забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми чорабинӣ Ҳамидамоҳи Асомиддин ва Маҳина Саидова донишҷӯдухтарони курси 3-юми донишгоҳ ба ҳайти омӯзандагони курси “Мактаби сарварони ҷавон” шомил карда шуданд.