Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ муваззаф аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намоянд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои омӯхтану аз худ кардани дигар забонҳо мусоидат менамояд.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон навиштани иншои озод оид ба мавзӯъҳои “Забони миллат – пояи миллат”, ”Забони миллат – ҳастии миллат”, “Забони ман – ҷаҳони ман”, “Нақши забони модарӣ дар рушди фарҳанги миллӣ“, “Забон - ҷавҳари ҳастии миллат”, ”Нақши истиқлол дар рушди забони тоҷикӣ” ва ғайраҳо баргузор гардид.
Омӯзгорони кафедраи забонҳо давраи якум ва дуюмро дар гурӯҳҳои таълимӣ гузаронида, давраи ниҳоии онро бо ғолибони ин давраҳо баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ 52 нафар донишҷӯ иштирок намуданд. Ғолибони даври ниҳоӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Кафедраи забонҳои ДДТТ