ВОХӮРӢ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМ 

Бинанда: 508 | Санаи нашр: 29 Сентябр 2024

Санаи 28.09.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси факултети молия ва қарз ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки донишҷӯёни курси якум ва волидайни онҳо ҷаласаи васеи Шурои волидайн баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ волидайни донишҷӯён ширкат варзида, аз раванд ва шароити таҳсил, одобу ахлоқи фарзандони худ дар ҷараёни таҳсил ва шароити истиқомат дар хобгоҳ аз наздик шинос гардиданд. 

Нахуст ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ҳусни оғоз башида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон», инчунин беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҳамкории волидайн бо донишгоҳ суханронӣ намуд. 

Сипас, муовини ректор оид ба тарбия н.и.и., дотсент Ҳисориева Г.Т., декани факултети молия ва қарз н.и.и., дотсент Кабутзода Ќурбоналї Мирзо сардори раёсати таълим Маҳмадуллоев З.Н. ва сардори раёсати тарбия Авғонов С.М. дар бораи иҷрои «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сифати таълим, иштироки фаъолонаи донишҷӯён ба дарсҳо, иҷрои тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои донишҷӯӣ, риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» суханронӣ намуданд. 

  Дар фарҷоми чорабинӣ раёсати донишгоҳ ба саволҳои волидайни донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода, барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top