КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Бинанда: 500 | Санаи нашр: 27 Сентябр 2024

26-уми сентябри соли 2024 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Конференсия бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти гумрук, кормандони вазорату идораҳо ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо мақсади тарғиби Конститутсия, ҳамчун санади олии ҳуқуқии ифодагари арзишҳои демократӣ ва кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон доир шуд.

Иштирокчиён оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлатдорӣ маърӯза намуданд. Дар конференсия Алиев Маҳмадҷон Баҳронович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ иштирок намуда, дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд.

Дар анҷом, як қатор иштирокчиёни конференсия барои иштироки фаъолона қадрдонӣ карда шуданд, аз ҷумла, Алиев Маҳмадҷон Баҳронович барои иштироки фаъолона бо сипоснома қадрдонӣ гардид.

 

Раёсати илм ва инноватсия

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top