ЛИБОСИ МИЛЛӢ - НИШОН АЗ ФАРҲАНГ

Бинанда: 600 | Санаи нашр: 26 Сентябр 2024

Санаи 26-уми сентябри соли 2024 бо иқдоми навбатии бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аксияи тарғиби либоси миллӣ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” доир гардид. Ин ташаббус бори дигар далел бар он аст, ки занону донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар амал пайрави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, расму оин, фарҳанги миллати куҳанбунёд - тоҷиконро ҳамчун ифтихори ватандорию худшиносӣ пос медоранду муқаддас мешуморанд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top