19-уми сентябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони Истиқлолият” ташкил ва баргузор карда шуд. Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия н.и.и., дотсент Ҳисориева Г.Т. ҳусни оғоз бахшида, перомуни дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ андешаҳояшро иброз дошт. Сипас, барои маърӯза сухан ба муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Муҳаммадсафои И.С. дода шуд. Инчунин, дар ҷаласа маърӯзаҳои омӯзгорон Сангова Ф., Каримова З. ва донишҷӯёни донишгоҳ шунида шуданд.