19-уми сентябри соли 2024 тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо донишҷӯдухтарон, фарҳанг ва осорхонаи раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули тоҷикон ва тарғиби либоси миллӣ бо иштироки доираи васеи омӯзгорону донишҷӯдухтарон мизи мудаввар таҳти унвони “Фарҳанги миллӣ ва нақши либоси тоҷикӣ ” доир гардид.
Чорабинии мазкурро сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ дар бахши кор бо донишҷӯдухтарон, фарҳанг ва осорхона Ҷамила Ғафурова оғоз намуда, иброз дошт, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Пос доштани як ҷузъи фарҳанги хеш, либоси миллии тоҷикона, ки таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар халқияту миллат маҳсуб меёбад барои ҳар як зан, бонуи тоҷик шарт ва зарур аст.
Инчунин, дар мизи мудаввар н.и.и.,дотсенти кафедраи фаъолияти бонкӣ Марҳабо Сафарова дар мавзуи “Либоси миллӣ-таҷассумгари симо ва фарҳанги миллӣ” ибрози андеша намуд.
Мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Раъно Ғаюрова таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ёдраси ҳозирин гардонид.
Донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук Шукрия Нозимова баромад намуда, аз номи худ ва аҳли нишаст ба раёсати донишгоҳ барои баргузории чунин чорабинии манфиатбахш изҳори миннатдорӣ баён кард.