МИССИЯИ СЕЮМИ ДОНИШГОҲҲО

Бинанда: 525 | Санаи нашр: 19 Сентябр 2024

Санаи 18-уми сентбяри соли 2024 дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинии таблиғотӣ-иттилоотӣ дар мавзӯи “Тамоюли ҷаҳонии рушди таҳсилот ва миссияи сеюми донишгоҳҳо" баргузор намуд.

Дар чорабинӣ ҳамоҳангсозӣ барномаи Эрасмус+ дар Тоҷикистон, доктор PhD Моҳбону Накҳатзода ва намояндагони дигар  Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлону Суғд ба тариқӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Ҷамшед Машокиров оғоз намуда, иброз намуд, ки миссияи сеюми донишгоҳҳо – ин на танҳо рушди академӣ ва илмӣ, балки саҳми фаъолонаи донишгоҳҳо дар ҳаёти ҷомеа, рушди иқтисод ва иҷтимоии кишвар мебошад. Дар ин раванд, донишгоҳҳо метавонанд бо ташаббусҳои иҷтимоӣ, ҳамкориҳои судманд бо соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим бозанд.  

Инчунин, дар мизи мудаввар д.и.и., профессор Шаропов Фарҳод Разоқович, муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзӯи "Тамоюли ҷаҳонии рушди таҳсилоти олӣ", Саидқосим Мухторов Сардори Маркази байналмилалии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш.Хуҷанд дар мавзӯи "Рисолати сеюми донишгоҳҳо: Саҳми донишгоҳҳо дар ҷомеа" суханрони намуда, иброз доштанд, ки ҳадафи ниҳоии миссияи сеюми донишгоҳҳо дар ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ нақши муассир мебозад.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар бахши маориф хонум Диана Димова  тариқи маҷози иштирок ва суханрони намуданд.

Дар қисмати музокирот  Икроми Хуршед Икром муовини ректор оид ба равобитаҳои байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Сафаров Баҳром Гулматович муовини ректор оид ба равобитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва дигар намояндагони бахши робитаҳои хориҷии Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсия ва пешниҳодҳои мушаххас  баромад намуданд.

Гузаронидани чорабинии мазкур аз ҷониби дафтари миллии Эрасмус+ дар Тоҷикистон ба он огоҳӣ медиҳад, ки тавассути имкониятҳои Эрасмус+ ва иштирок дар семинар-машваратҳои байналмилалӣ, аҳамияти ҳамгироии донишгоҳҳои Тоҷикистонро ба фазои байналмилалии таълимӣ таъкид мекунад. Тамоюлҳои ҷаҳонӣ зарурати иштироки фаъолонаи донишгоҳҳоро дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тавассути ташкили ҳамкорӣ бо соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон медиҳад.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top