13.09.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Мукаммалгардонии раванди аттестатсия ва ҳимояи диссертатсия” бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон ва котибони илмии шуроҳои диссертатсионӣ, инчунин олимону муҳаққиқони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Иштирокчиён ба тариқи онлайн аз Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ пайваст шуданд.
Нахуст дар мизи мудаввар муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир суханронӣ намуда, аҳаммияти такмили низоми аттестатсияро таъкид намуд. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳимояи сарвати зеҳнии олимону пажӯҳишгарони мамлакат, шаклгирии пурраю мустақили илми тоҷик, бартараф намудани мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ, яъне пешбурди низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ мунтазам тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамояд. Масъалаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба паст будани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, норасоии кадрҳои илмӣ дар самти илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, муносибати нигаронкунандаи муқарризони расмӣ, муассисаҳои пешбар, мувофиқ набудани мавзуъҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ ба талаботи барномаҳои давлатӣ, ҳадафҳои Стратегияҳои миллӣ ва дигар муаммоҳои ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин таъкид гардид, ки оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати пажӯҳиши корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар самти ташаккули “энергияи сабз”, “иқтисоди сабз”, “иқтисоди рақамӣ”, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ гурӯҳҳои кории Комиссияи олии аттестатсионӣ ташкил карда шудаанд.
Бо мақсади ислоҳи камбудиҳо ва беҳсозии сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таъмини шаффофият ва баҳогузории воқеъбинонаи таҳқиқотҳои диссертатсионӣ ҳайати шуроҳои экспертӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ бознигарӣ шуда, ба ҳайати онҳо олимону коршиносони шинохтаи кишвар ва дар самтҳои ихтисосҳои нодир бошад, олимон аз хориҷи кишвар ҷалб гардиданд.
Сипас, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Ҳокимхон. дар мавзуи “Мушкилот дар раванди аттестатсия ва ҳимояи диссертатсия: таҳлили талабот ва таҷриба ” суханронӣ намуд.
Мизи мудаввар ба масъалаҳои калидии раванди аттестатсия ва ҳимояи диссертатсия, ки яке аз самтҳои муҳимми рушди илм ва касбият мебошад, бахшида шуда, дар он масъалаҳои такмили тартиботи барасмиятдарорӣ ва ҳимояи диссертатсия, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои илмӣ, инчунин натиҷаҳои фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ нақши муассири шуроҳои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати омодасозии олимон ва саҳми онҳо дар рушди илми ватанӣ назаррас арзёбӣ гардид. Қайд карда шуд, ки танҳо дар чанд соли охир дар шуроҳои диссертатсионии донишгоҳ 234 нафар рисолаи номзадӣ ва докториро дифоъ намудаанд. Боиси ифтихор аст, ки донишгоҳ аз рӯи шохиси иқтибосоварии илмӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи 6-ум қарор дорад, ки ин натиҷаи кори самараноки кормандони илмии донишгоҳ мебошад.
Дар музокирот ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, профессор Усмонова Туҳфа Ҷумаевна, раиси шурои диссертатсионии 6О.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ва раиси шурои диссертатсионии 6D.KOA-016 назди Донишгохи аграрии Тодикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, профессор Шарифов Зариф Рахмонович доир ба мавзӯи зикргардида таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд. Қайд гардид, ки ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳҳои такмили равандҳои барасмиятдарории диссертатсия ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ Раёсати донишгоҳ ба иштирокчиён барои суханронӣ ва иштироки фаъол дар баҳсу муҳокимаҳо изҳори миннатдорӣ намуд. Инчунин, ба се нафар номзадони илм – Фирӯз Ашуров, Фатҳиддин Шамсов ва Нурҳаёт Раҷабова шаҳодатномаи унвони илмии дотсент супорида шуд.