Санаи 5-уми сентябри соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Чорабинии тантанавиро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович ифтитоҳ намуда, меҳмонон, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд намуд, ки, ҷашни истиқлол ҳамасола дар Ватани азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу субот ва давлатдорию соҳибистиқлолӣ ҷараён мегирад.
Мавсуф иброз дошт, ки пешрафти давлат, ояндаи осудаи ҷомеа, ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи давру замон ҷавобгӯ равона намуда, ба ин васила дар пешрафт ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузорем.
Сипас, дотсентон Ҳусейнов Б.А. ва Алиев Ф.Х. дар бораи дастовардҳо ва музаффариятҳои 33-соли соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ се нафар омӯзгоре, ки сазовори дараҷаи илмӣ гардиданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо мукофоти пулӣ ва ду нафар омӯзгор барои меҳнати пурсамар ва саҳми арзанда дар омода нумудани мутахассисони баландихтисос бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.