ВОХӮРИИ ШИРКАТИ СУҒУРТАВИИ «БИМА» БО ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 514 | Санаи нашр: 30 Август 2024

Имрӯз, ширкати суғуртавии «БИМА» дар доираи эълони соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ ва бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои судманд бо шарикони анъанавии худ, вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор намуд. Зимни вохӯрӣ, Саидмухтор Ҳайдаров, директори иҷроияи ширкати суғуртавии «БИМА», яке аз маҳсулоти маъруфи ширкат - Суғуртаи ихтиёрии тиббиро (СИТ) муаррифӣ намуд.

Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ имкони гирифтани хизматрасониҳои тиббиро дар беморхонаҳо ва дармонгоҳҳо бе навбат фароҳам меорад ва инчунин сарфаи маблағро барои муоинаҳои тиббӣ таъмин менамояд. Барнома маҷмӯи хизматрасониҳои гуногуни тиббиро дар бар мегирад, аз ҷумла: ёрии амбулаторӣ, даъвати духтур ба хона, ёрии таъҷилӣ, дандонпизишкӣ, дар беморхона бистарӣ кардан ва дигар хизматрасониҳои заруриро фаро мегирад.

Дар анҷоми вохӯрӣ, иштирокдорон имкон доштанд саволҳои худро матраҳ намуда, ба онҳо ҷавобҳои ҳамаҷониба ва муфассал гирифтанд. Ин чорабинӣ барои густариши маърифати ҳуқуқӣ ва беҳтар намудани огоҳии кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар самти хизматрасониҳои суғуртавӣ мусоидат хоҳад кард.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top