Душанбе, 28 август 2024 — Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо муваффақият курси тобистона оид ба Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро, ки рӯзҳои 26-28 августи соли 2024 баргузор намуда буд, ба анҷом расонид.
Дар давоми се рӯз, курс ба мутахассисони ҳуқуқӣ, донишҷӯён ва омӯзгорони соҳаи ҳуқуқи тиҷоратӣ шеваҳои навини арбитражи байналмилалӣ, қоидаҳои мурофиавӣ ва механизмҳои ҳалли баҳсҳоро омӯзонд. Иштирокчиён дар ин курс таҷрибаҳои амалӣ ва дониши амиқ ба даст оварда, малакаҳои заруриро барои ҳаллу фасли баҳсҳои тиҷоратӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба худ гирифтанд.
Мавзӯъҳои асосӣ:
- Таҳлили ҷанбаҳои асосии арбитражи байналмилалӣ
- Қоидаҳои мурофиавӣ ва механизмҳои ҳалли баҳсҳо
- Истифодаи амалии малакаҳо дар арбитражи тиҷоратӣ
Мақсад ва ҳадафи чорабинӣ — таҳкими низоми арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ва минтақа, инчунин рушди ҳуқуқи тиҷоратии байналмилалӣ ва мубодилаи донишҳо ва таҷрибаҳо дар ҳаллу фасли баҳсҳои тиҷоратӣ мебошад.
Мо хушҳолем, ки ин курс ба муваффақияти назаррас ноил гашт ва барои иштирокчиён имконият фароҳам овард, ки малакаҳои худро такмил диҳанд ва ба пешбурди арбитражи байналмилалӣ дар Тоҷикистон кӯмак расонанд.