Ғолибият дар озмуни байналмилалии “Беҳтарин лоиҳаи соҳаи маориф”

Бинанда: 449 | Санаи нашр: 14 Август 2024

Дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, Сиёвуш Наботзода Холмурод, дар озмуни байналмилалии “Беҳтарин лоиҳаи соҳаи маориф” бо лоиҳаи худ дар мавзӯи “Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар шароити пандемия ва иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” ҷойи дуюмро соҳиб гардид.

Маросими супурдани дипломҳои ғолибон дар шаҳрҳои Осло (Норвегия) ва Мадрид (Испания) доир шуд. Сиёвуш Наботзода бо истифода аз фосилавӣ иштирок намуда, барои дастовардҳои худ қадрдонӣ гардид. Вай бо таҳқиқотҳои худ дар бораи дастгирии давлатии соҳибкорони ҷавон ва мукаммалгардонии қонунгузорӣ дар шароити пандемия, муҳаққиқи сазовори ҷоиза шуд.

Сиёвуш Наботзода дар таҳқиқотҳои худ масоили иҷозатномадиҳӣ ва дастгирии ҳуқуқҳои соҳибкоронро мавриди таҳлил қарор дода, натиҷаҳои онро ба комиссияи озмун ирсол намудаст.

Ин дастоварди бузург нишон медиҳад, ки тадқиқоти илмии Сиёвуш Наботзода дар соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод дар миқёси байналмилалӣ сазовори эътироф ва қадрдонӣ мебошад.

Раёсат ва аҳли коллективи донишгоҳ бо ин ин дастовард Сиёвуш Наботзодаро табрику муборакбод намуда, саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нав ба нав, корҳои минбаъдаи илмиву эҷодӣ барояш комёбӣ таманно менамоянд!

 

Раёсати илм ва инноватсия!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top