Боиси ифтихор ва хурсандист, ки бо фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.2024, №261/ди ду нафар омӯзгори Донишгоҳи давлати тиҷорати Тоҷикистон - Кармышова Майсара Назруллоевна ва Сафаров Ҷовидон Азизмадович сазовори дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардиданд.
Инчунин, тибқи фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.2024, №260/уи ба се нафар омӯзгори донишгоҳ - Ашуров Фируз Маҳмадалиевич, Шамсов Фатҳиддин Тоирович ва Раҷабова Нурҳаёт Раҷабовна шаҳодатномаи унвони илмии дотсент дода шуд.
Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантон ва кормандони донишгоҳ онҳоро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ ва унвони илмии дотсент табрику муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва дар фатҳи қуллаҳои нав ба нави илмиву эҷодӣ комёбӣ таманно менамоянд!