ОҒОЗИ ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲОИ ДОВТАЛАБОН

Бинанда: 584 | Санаи нашр: 26 Июл 2024

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои довталабони дар имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбгашта оғоз гардид. Раванди ҳуҷҷатсупорӣ то санаи 6-уми августи соли 2024 идома меёбад.
Аз ҷониби котиби масъули комиссияи қабул Баҳодур Дусматов ба довталаби ихтисоси 960101-хадамоти гумрукӣ Авазхонзода Зоҳири Тоҳир, ки аввалин шуда ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ пешниҳод намуд, тӯҳфаи раёсати донишгоҳ супорида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top