ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ КООПЕРАТСИЯ

Бинанда: 581 | Санаи нашр: 05 Июл 2024

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аҳли кормандону собиқадорони соҳаи кооператсияи матлубот ва омӯзгорону кормандони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи байналхалқии кооператсия самимона шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва дар фаъолияташон барору комёбӣ таманно менамояд.

Иди касбии матлуботчиёнро, ки бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 – уми декабри соли 1992, №47/90 ва муқаррароти Алянси байналхалқии кооперативӣ тасдиқ гардидааст, ҳамасола кормандони кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Иттифоқи Тоҷикматлубот ва умуман системаи кооператсияи матлуботи ҷумҳуриро назаррас арзёбӣ карда иброз доштанд, ки “Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозиҳои ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини мардуми деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст”.

Иттифоқи Тоҷикматлубот фаъолияти ташкилоту муассисаҳои худро барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Анҷумани кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ба роҳ монда, тавонист, ки дар самти рушд ва таҳкими минбаъдаи соҳа ба комёбию муваффақиятҳои назаррас ноил гардад.

Воқеан ҳам, соҳаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободию шукуфоии мамлакат саҳми босазо дорад.

Бори дигар Раёсати донишгоҳ Рӯзи байналхалқии кооператсияро ба аҳли кормандону собиқадорони соҳаи кооператсияи матлубот табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатии комилу умри дарози бобаракат, сарфарозию саодатмандӣ ва дар фаъолияти кориашон дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамоем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top