Ташаббуси байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълон гардидани 25 - май Рӯзи ҷаҳонии футбол дастоварди бузургу таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди футболи миллӣ ва оммавигардонии он дар байни ҷавонони кишвар мусоидат менамояд.
Вобаста ба ин рӯзҳои 21–24 майи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои сохторҳо ва факултетҳои донишгоҳ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид, ки дар он ҷойи аввалро дастаи футболбозони факултети молия ва қарз, ҷойи дуюм дастаи факултети иқтисодиёт ва тиҷорат ва ҷойи сеюмро дастаи футболбозони факултети МИБ, ҳуқуқ ва гумрук ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотирмони раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.