Рӯзи 18.03.2024 тибқи нақшаи дарсҳои тарбиявии кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит бо иштироки сармутахассиси раёсати тарбиявӣ Муродова М.И., декани факултети иқтисодиёт ва тиҷорат Мухторзода С.С., мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Раҷабов О. дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи "Наврӯз - ҷашни ниёгони мо" бо роҳбарии муаллими калон Сангинова Шаҳзода ва ассистенти кафедра Иззатова Робия дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Қобили қайд аст, ки дар рафти дарс чун расму ойин ҳафтсину ҳафтшин намоиш дода шуда, донишҷӯён дар васфи Наврӯзи аҷам шеърҳо қироат намуданд.