15-уми марти соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҶДММ ТС "БИМА" бахшида ба "Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи "Саводнокии молиявӣ" бо иштироки доираи васеи донишҷӯён озмун - викторина баргузор гардид.
Ғолибони озмун - викторина аз ҷониби намояндагони ҶДММ ТС "БИМА" ройгон суғурта (суғурта аз ҳодисаҳои нохуш, суғуртаи амвол) карда шуданд:
- Искандаров Зинатшо - донишҷӯи курси 3, ихтисоси 25010403 - андоз ва андозбандӣ; суғуртаи амвол ба маблағи 40000 сомонӣ;
- Исмонзода Сунатулло - донишҷӯи курси 3, ихтисоси 250104- молия ва қарз; суғуртаи амвол ба маблағи 30000 сомонӣ;
- Амонова Муҳайё – донишҷӯи курси 3, ихтисоси 250104 - молия ва қарз; суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 10000 сомонӣ;
- Ҳамдамов Сунатулло - донишҷӯи курси 3, ихтисоси 25010403 - андоз ва андозбандӣ; суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 10000 сомонӣ;
- Шоев Изатулло – донишҷӯи курси 3, ихтисоси 250104 - молия ва қарз; суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 10000 сомонӣ;
- Шоев Маҳмадулло – донишҷӯи курси 3, ихтисоси 250104 - молия ва қарз; суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 10000 сомонӣ;
- Хушмуродов Сироҷиддин - донишҷӯи курси 3, ихтисоси 250104 - молия ва қарз; суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 10000 сомонӣ;
- Тоҷиддинзода Мутриба - донишҷӯи курси 2, ихтисоси 230101 - ташкили робитаҳои байналмилалӣ, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 10000 сомонӣ;
- Тоҷиддин Мусамиров - донишҷӯи курси 2, ихтисоси 230101 - ташкили робитаҳои байналмилалӣ, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 10000 сомонӣ;
- Муҳаммадшоҳ Баҳруллоев - донишҷӯи курси 2, ихтисоси 230101 - ташкили робитаҳои байналмилалӣ, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 10000 сомонӣ;
- Ибрагимов Аслиддин - донишҷӯи курси 3, ихтисоси 960101 - хадамоти гумрукӣ, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 10000 сомонӣ;
- Раҷабов Комилҷон - донишҷӯи курси 3, ихтисоси 960101 - хадамоти гумрукӣ, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ба маблағи 10000 сомонӣ.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси қарори Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 9 – уми декабри соли 2020 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омодакунӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили касбии кадрҳо дар соҳаи суғурта дода шудааст. Инчунин, имсол дар назди ҶДММ ТС “БИМА” филиали кафедраи андоз ва суғуртаи ДДТТ таъсис дода шуд, ки он барои баланд бардоштани сифати омодакунии мутахассисони соҳаи суғурта мусоидат менамояд.