Санаи 15 марти соли 2024 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки ДДТТ дар толори маҷлиси судии ҳамин кафедра Маҷлиси судии намунавӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси судӣ донишҷӯёни курси 4- уми ихтисосҳои 240103- ҳуқуқи иқтисодӣ ва 24010104 - ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ Шаҳриёри А. (судя), Раҳимова С. (прокурор), Қурбонова Н. (котиби маҷлиси судӣ), Каримов М. (муфаттиш), Абдуалӣ Комрон (ҳимоячӣ), Наҷмиддини Ф. (айбдоршаванда) нақш бозӣ карданд.
Дар маҷлиси судӣ амалияи татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс, ки дар асоси дархости прокурор ворид шудааст, нишон дода шуд.




