Санаи 14 марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ - омили асосии таъмини шаффофияти молиявӣ дар иқтисодиёти миллӣ” бо иштироки васеи донишҷӯён, омӯзгорон, муҳаққиқон ва коршиносони соҳа баргузор гардид.
Кори семинари илмӣ-назариявиро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Абдукарим Қурбонов ҳусни оғоз бахшида, моҳият ва зарурати ташкилу гузаронидани чунин ҳамоишҳои илмиро дар баланд бардоштани савияи дониши молиявии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, Қузратзода С.Р. - сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аҳамияти иқтисодии ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳамчун омили асосии таъмини шаффофияти молиявӣ дар шароити иқтисоди миллӣ ва дурнамои рушди он суханронӣ намуд.
Файзуллоев Зувайдулло - мутахассиси шуъбаи шабакаи терминалии раёсати КВД БД амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба бартариятҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва маҳсулоти бонкӣ маърӯза намуд.
Махшулов Саидхуҷа Ҷумаевич - н.и.и., дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои татбиқи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар шароити зиёд шудани талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ” баромад кард.
Бобоев Ҷурахон - муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ дар мавзуи “Самтҳои асосии такмили ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуд.
Дар анҷоми кори семинар байни донишҷӯён омӯзгорон ва маърӯзачиён мубоҳиса доир шуда, таклифу пешниҳодҳои муфид дар самти такмили ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти кишвар пешниҳод гардиданд.