Санаи 22 – юми феврали соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ семинари ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобат” баргузор гардид.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич кушода, роҷеъ ба ҳифзи забонҳои модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди забони модарии миллатҳои маскуни Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Сипас, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло дар мавзӯи “Забони модарӣ ва худшиносии миллӣ” суханронӣ намуд.
Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович - н.и.ф., дотсент дар мавзӯи “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва мубрамияти он” маърӯза намуда, қайд кард, ки кормандони тамоми муассисаҳои олии кишвар, ба вижа ДДТТ ҷиҳати ҳамовозӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати забонии роҳбарияти олии мамлакат пайваста ҷаҳд меварзанд ва барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо неруи дучанд собитқадамона ва ғайратмандона азму талош хоҳанд кард.
Насриддиниёни Бобишоҳи Ҳасанпур - н.и.ф., и.в.дотсент дар мавзуи “Баъзе мушкилот дар таълими имло ва аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ” маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” масъалаҳои марбут ба номи ҳарфҳо, имлои овозҳои садоноку ҳамсадоҳо, калимаҳои содаю мураккаб ва таркибҳо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима, имлои ҳиссаи нутқ, махсусан навишти ихтисораҳо, ҳарфҳои калону хурд, тарзи имлои артикли "ал", якҷоя, ҷудо ва бо нимтире навиштани калимаҳо, тарзи дурусти навишти морфемаҳои насабсоз, имлои номи муассисаю корхонаҳо, номи ҷуғрофӣ, асару китобҳо, маҷаллаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо, имлои нумеративҳо, бандакҳо, пешванду пасвандҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, имло ва тарзи навишти онҳо мушаххас нишон дода шудаанд.
Дар семинар, инчунин Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир ва хонандагони литсейи ДДТТ ширкат варзида, аз осори шоирони тоҷик дар васфи забони модарӣ шеърҳо қироат намуданд.
Дар фарҷоми семинар н.и.ф., Файзалӣ Акрамов ба маърӯзачиён ва иштирокчиёни семинар изҳори сипос намуд.