Санаи 9 ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинар дар доираи лоиҳаи муштараки “Education for Technological Literacy and Inclusion (Е4TLI): лоиҳаи таҳсилотӣ барои баланд бардоштани саводнокии технологӣ ва фарогирӣ” баргузор гардид.
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур ин баланд бардоштани саводнокии технологии омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳҳои шарикии лоиҳа; таҳияи тавсияҳо ҷиҳати татбиқи дониши омӯхташуда дар амалия; паҳн намудани дониш оид ба технологияҳои 4.0 (Technologies 4.0) дар байни МТОК ғайри технологӣ (non-tech) иборат аст.
Силсилаи семинарҳо дар мавзӯи “Маълумотҳо барои омӯзиш барномаи Excel (Data Science Seminar focused on Advanced Excel)” бо тариқи маҷозӣ (онлайн), давоми 4 рӯз идома ёфта пас аз ба анҷом ёфтани семинари мазкур, иштирокчиён соҳиби сертификат мегарданд.