Имрӯз (20.10.2023) дар донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи “Рушди илми назарияи иқтисодӣ дар шароити иқтисодиёти инноватсионӣ” семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷамшед Машокиров бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, муҳиммияту мубрамияти мавзӯи матраҳшударо дар замони муосир таъкид намуд.
Сипас профессори кафедра Исоматов Б. И., мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, профессор Насриддинов Ф.Б., дотсент Юнусова М. М., дотсент Машокиров Ҷ. Н. ва мудири кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ,номзади илмҳои иқтисодӣ Тӯйчиқулов З.Ҷ. дар мавзӯъҳои “Таълимоти назарияи иқтисодӣ дар шароити иқтисодиёти инноватсионӣ”, “Назарияи иқтисодии хушбахтӣ”, “Усулҳои дурнамои ҷараёнҳои макроиқтисодӣ”, “Асосҳои таълимоти макроиқтисодӣ дар мактабҳои олӣ” ва “Афзалияти илмҳои табиӣ нисбат ба илмҳои ҷамъиятӣ” бо маърӯзаҳои пурмазмун, суханронӣ карданд.
Пас аз музокираҳо, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, Ҷамшед Машокиров ба маърӯзачиён ва иштирокчиёни семинар изҳори сипос намуда , семинарро ҷамъбаст намуд.