Саҳми Пешвои миллат дар рушди кооператсияи матлубот

Бинанда: 640 | Санаи нашр: 01 Июл 2023

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Иттифоқи Тоҷикматлубот ва умуман системаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ чунин андешаи ҷолиб баён намудаанд: “Мақоми Тоҷикматлубот дар амалӣ  сохтани барномаи дигаргунсозиҳои ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини мардуми деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст”. Дар ҳақиқат системаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори чунин баҳои баланди Пешвои муаззами миллат мебошад. Зеро дар тӯли фаъолияти якасринаи худ Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ, борҳо исбот намуд, ки дар рушду нумӯи иқтисоди ҷумҳурӣ саҳми назарраси худро мегузорад.

Ҳоло ташкилотҳои кооперативии ҷаҳонӣ қариб 300 сол ва кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, беш аз 100 сол фаъолият карда истодаанд. Дар давоми ин муддати сипаришуда ҳаракати кооперативӣ чандин давраҳои ривоҷу равнақи комил, таназзулу қафоравиҳо, бурду бохтҳо ва амсоли инҳоро аз сар гузаронидааст. Бояд қайд намуд, ки аввалин ташкилоти кооперативӣ дар миқёси Тоҷикистони Шимолӣ ҳанӯз соли 1916 ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Солҳои минбаъда ташкилотҳои гуногуни кооперативӣ ва иттифоқи кооперативҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил гардида, давра ба давра инкишофу рушд намуд.

Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷамъиятию хоҷагӣ ва қисми таркибии кооператсияи умумиҷаҳонӣ мебошад. Ҳаракти кооперативӣ ва кооператсияи матлубот дар ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшу мақоми намоён дошта, торафт қобили ҳаёти будани худро исбот намуда истодааст.

Кооперативҳои ҷудогона ҳанӯз ибтидои асри XIX дар Россия, Испания, Словакия, Швейтсария ва ИМА пайдо шудаанд. Дар мамлакатҳои Осиё ва Африка бошад, кооператсияи матлубот ва  қарздиҳию таъминотӣ  дар ибтидои асри XX ташкил карда шуд.

Вобаста ба фарорасии заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ, ҳаракати кооперативӣ ва ташкили кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   якчанд давраҳоро аз сар гузаронидааст:

Давраи  l солҳои 1916-1940.  Пайдошавӣ ё ташкили кооператсияи матлубот.

Давраи  ll солҳои 1941-1990.  Равнақу ривоҷи кооператсияи матлубот дар давраи Шӯравӣ.

Давраи lll солҳои 1991-2010. Кооператсияи матлубот дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ ё шароити бозор.

Давраи  lV  солҳои 2011-2022 Вазъи ҳозираи кооператсияи матлубот ё асосҳои иқтисодию ташкилии фаъолияти босуботи кооператсияи матлубот.

Хусусияти давраи якум дар он буд, ки ҳаракати кооперативӣ ва ташкили кооператсияи матлубот оҳиста-оҳиста тамоми қаламрави мамлакати моро фаро гирифт, ки ба он вусъати ҳаракати кооперативӣ дар Россия ва таъсиси Кооперативи байналмилалии Алянс дар соли 1895 мусоидат намуда буд. Ҷамъияти матлуботи Хуҷанд - 29, Душанбе - 30, Қаратоғ - 20, Ғарм - 4, Ҳоит - 3, Кӯлоб - 3 ва Ҷиргатол - 2 кооперативҳоро дар ҳайати худ муттаҳид менамуданд. Ҳамаи онҳоро филиали Иттифоқи матлуботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Узбекбирлашув”, ки соли 1927 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд, сарпарастӣ менамуд.

Давраи дуюм, давраи нисбатан калонтари фаъолияту равнақи кооператсияи матлубот  буда,  он торафт ба меҳнаткашон, коргарон, деҳқонон ва зиёиён хизматрасонии босифат расонида, талаботҳои онҳоро ба молҳои хӯрокворию ғайрихурокворӣ пурра таъмин менамуд. Вале ин  меҳнати осоишта бо сабаби оғоз ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ қатъ гардид. Таркиби фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва аз ҷумла Иттифоқи Тоҷикматлубот дигаргун карда шуд. Дар он давра гузариш аз тиҷорати озод ба савдои меъёрӣ, яъне “карточная система” ба вуҷуд омад. Он солҳо муомилоти мол хеле кам гардид. Бо баланд шудани некӯаҳволии аҳолии деҳот дар солҳои баъдиҷангӣ ҳаҷми тиҷорати кооперативӣ мунтазам афзоиш ёфт. Инчунин тиҷорати тарафайни молҳои озуқаворию саноатӣ бо колхозҳо аз ҷониби кооператсияи матлубот ташкил карда шуд. Маҳз дар ин давра рушду нумӯи воқеии системаи кооператсяи матлубот ба вуҷуд омад.

Давраи сеюм аз ҳама марҳилаҳои пешин бо мазмуну мароми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангӣ куллан фарқ менамуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, пайваста ба муносибатҳои бозорӣ рӯй овардан, оғоз гардид.

Бо сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳама паҳлӯҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва аз ҷумла низоми кооператсияи матлуботи мамлакат, зарари зиёд гардид. Мувофиқи тасдиқоти Анҷумани XlV кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30. 03. соли 2000   дар ин давра шабакаҳои хӯроки умумӣ - 64% ва шабакаҳои тиҷоратӣ  бошад  80 % фаъолият надоштанд.

Ба андешаи мо, барои фаъолияти босуботи кооператсияи матлуботи мамлакат, ғамхории бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид.

Аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.05 соли 1998 таҳти №186 “Дар бораи тадбирҳои барқарор намудан ва инкишоф додани фаъолияти савдо, захиракунӣ ва истеҳсолии Иттифоқи Тоҷикматлубот “  ва  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.09 соли 2000 таҳти №399  “Дар бораи дастгирии давлатии кооператсияи истеъмолкунандагон” қабул гардиданд, ки ин ин худ як дастгирии давлатии системаи кооператсияи матлуботи мамлакат мебошад.

Давраи чорум давраи навини рушду нумӯи соҳаи кооператсияи матлубот мебошад. Ба хотири таъмини фаъолияти муътадили кооператсияи матлубот, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо молҳои ниёзи мардум ва густариши муносибатҳои мктақобилаи судманд бо истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ аз ҷониби  саҳмдорони кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ корҳои назаррас, ба анҷом расонда шуд.

Хулоса, таҳлилҳои фаъолияти 100 солаи соҳаи кооператсияи матлубот нишон медиҳад, ки низоми кооператсияи матлубот дар ҳама давраҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бо мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳиду тифоқ буда, дар шароити бозор ба манфиати Тоҷикистони соҳибистиқлол, боз ҳам  хизматҳои арзандаеро анҷом хоҳад дод.

 

Зуҳалҷон Туйчиқулов

номзади илми иқтисодӣ,

мудири кафедраи

назарияи иқтисодии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top