Тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор рафта, дарки онҳо натанҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.
Хуш аст, ки тарбияи ватанпарастии насли наврас дар асоси идеологияи нав таҳиянамудаи давлату ҷомеа ба амал бароварда мешавад. Тавре мебинем ҳадафҳои ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идеологияи давлатии моро ба миён оварда, дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар инъикос гардидаанд.
Таъсири хатарҳои ҷаҳони имрӯза тақозо менамоянд, ки барои ҷавонон ва насли навраси мо дар амалӣ намудани сиёсати тарбияи ватанпарастӣ тағйиротҳои зарурӣ ворид карда шуда, ба воситаи таълим ва тарбияи ҷавонон дар мактабҳои миёна ва олӣ амалӣ мегарданд.
Бо ин мақсад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 қабул карда шудааст, ки он принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Дар моддаи 1 – и қонуни мазкур мафҳуми «ватандӯстӣ» муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат карданро мефаҳмонад. Сокинони мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари азизу маҳбуб, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамоне, ки мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд, эҳсос менамоянд.
Тарбияи ватандӯстӣ бошад, ин фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳо ва дӯст доштани Ватан нигаронда шудааст.
Мусаллам аст, ки тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯзҳо барои ҷавонон мояи ифтихори бузург аст.
Бинобар ин, насли наврас ва моро зарур аст, ки ҷиҳати таҳкими тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон бомасъулият бошем ва аз имкониятҳои мавҷудбуда истифода бурда, барои пешравии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар ҳақиқат, ватандӯстӣ дӯст доштан ва содиқ будан ба Ватан ва миллати худ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор доштан аз дастовардҳои ҳамватанон буда, аз ҳама муҳим аз чунин Ватан, ки дар он ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ҳукмфармо ва пойдор аст, шукрона бояд кард.
Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки чун фарзанди содиқу вафодори миллат мо пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои худ Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду нумуъ, баланд бардоштани эътибори он тамоми ҳастии хуро сарф кунем. Зеро ки ба миллати тоҷик хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатдориаш борҳо ба завол рӯ ба рӯ шудааст.
Мо бояд фаромӯш накунем, ки дар ҷаҳони имрӯза душманоне кам нестанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу усул дар ҷомеа нотинҷӣ андохта, ҳодисаҳои хунини дар Афѓонистону Ироқ, Либияву Сурия ва Яман ба вуқӯъомадаро такрор созанд. Бинобар ин, масъалаи асосӣ - роҳ надодан ба беэҳтиромӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, ба бегонапарастӣ ва бегонашавӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ҷиддитар ба таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли саводноку ғамхори Ватан ва насле, ки масъулияти фардои Тоҷикистонро ба дӯш гирифта, Тоҷикистони азизро беш аз ҳарвақта бештар дӯст дорад, замина гузорад.
Гузашта аз ин, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ҷавон гуфта, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ки синни ӯ аз 14 - сола то 30 - соларо дар бар мегирад, фаҳмида мешавад. Вале тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудааст.
Сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва мавқеи бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ буда, ба он ҳамчун масъалаи муҳими давлатдорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Масалан, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 чунин гуфта шудааст:
«Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Маҳз ҷавононанд, ки ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027»-ро қабул намудем.
Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».
Тавре ки Пешвои миллат иброз намуданд, ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар ин бора ҳанӯз файласуфи бузурги Юнони қадим - Арасту (384-394 пеш аз милод) навишта буд: «Ҳама касоне, ки такя ба санъати идоракунии тафаккур намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири империяҳо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ дорад».
Бинобар аҳамияти бузург доштани тарбияи ватанпарастии насли наврас, месазад, ки дар партави суханҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонон дар рушду нумуи давлату миллат саҳми назараси худро гузошта, дастуру супоришҳои Пешворо ҳамчун роҳнамо ва дастурамали рӯимизии худ қарор диҳанд.
Нозимҷон Нидоев, доктори илмҳои иқтисодӣ, и.в. профессори кафедраи фаъолияти гумрукии ДДТТ