Дар перомуни лоиҳаи “MIETC”

Бинанда: 922 | Санаи нашр: 18 Май 2023

18 – уми майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ректори донишгоҳ, доктори илмҳои техникӣ Назарзода Хайрулло Холназар дар доираи лоиҳаи “MIETC” бо намояндагони донишгоҳҳои ҳамкори лоиҳа вохӯрӣ баргузор намуда, доир ба мавзӯи матраҳшаванда, таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо донишгоҳҳои ҳамкор аз кишварҳои Аврупою Осиё, омода намудани мутахассисони балантахассус ва дигар масоили муҳим табодули афкор карданд.

Сипас дар толори диссертатсионӣ чорабинӣ доир гардид, ки дар он Мария Долорес Тунас Ривейро ва Педро Рей Арайхо (Донишгоҳи Сантяго-де-Компостела, Испания), Йоланда Пена-Богете (Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ, Испания), Мадина Рахимбердинова (Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ), Оксана Безлер (Донишгоҳи Иттифоқи матлуботи Қазоқистон дар шаҳри Қарағанда), Абдурасул Сатторов (Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) ва Заррина Қодирова (Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон) ба ҳайси ҳамкорони лоиҳа иштирок намуданд.

Чорабиниро Заррина Қодирова бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба барномаи таҳсилоти магистрӣ ва рӯнамоии лоиҳа аз ҷониби намояндагони донишгоҳҳои ҳамкор ибрози андеша кард.

Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов зимни суханронӣ ҳозиринро аз номи ректори донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва доир ба лоиҳаи зикргардида, таҳияи барномаҳои магистрӣ ва таҳсилотӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, таҳкиму тавсеаи робитаи байналмилали донишгоҳ бо донишгоҳҳои хориҷӣ, табодули омӯзгорону донишҷӯён, рушди кооператсияи мамлакат ва омода кардани кадрҳои баландтахассус ибрози андеша кард.

Дар идомаи чорабинӣ доир ба мавзӯи зикргардида намояндагони масъули донишгоҳҳои ҳамкор - Долорес Тунас Ривейро, Педро Рей Арайхо, Йоланда Пена-Богете, Мадина Рахимбердинова, Оксана Безлер, Абдурасул Сатторов ва Заррина Қодирова бо маърӯзаҳои ҷолиб суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Заррина Қодирова ба меҳмонон барои суханронӣ пурмуҳтаво арзи сипос намуда, зикр кард, ки ДДТТ минбаъд низ робитаро бо донишгоҳҳои ҳамкор таҳкиму тавсеа мебахшад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top