Иди Ғалаба муборак!

Бинанда: 787 | Санаи нашр: 08 Май 2023

Табрикоти ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар ба муносибати Иди Ғалаба

Ҳамкасбон ва донишҷӯёни гиромӣ!

9-уми майи соли ҷорӣ аз ғалабаи бузурги халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Олмон 78 сол пур мешавад. Вобаста ба ин, ҳамаи шуморо ба ин рӯзи фархунда, ки воқеан ҳам иди бузурги халқҳои сулҳхоҳу сулҳдӯст маҳсуб меёбад, самимона табрику муборакбод мегӯям.

Ба ҳамагон маълум аст, ки субҳи 22-юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшиканона, бо қувваҳои зиёд - 5,5 млн аскар, иборат аз 190 дивизия, 3712 танк, 4950 тайёраи ҷангӣ, 47260 туп ва минамиёт, ки албатта ин қувваи бузург аст, ба сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум намуд.

Германияи фашистӣ ҷанги барқосоро ташкил намуда, дар муддати ду моҳ мехост қушунҳои Шӯравиро шикаст диҳад, вале муттаҳидӣ ва дӯстиву бародарии халқҳои Шӯравӣ нияти нопоки онҳоро барбод дод.

Боиси ифтихор аст, ки фиристодагони Тоҷикистон низ дар тамоми муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда, қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон  296 ҳазор нафар иштирок намуда, мутаасифона аз онҳо 92 ҳазорашон ҳалок гардиданд. 

Ҳозирини гиромӣ!

Аз байни фиристодагони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардида, 54 нафар ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор шуданд.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 27 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шуравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гарди Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд.

Он солҳо мардуми ақибгоҳ  аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии Армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад ва бо ҳамин рӯзу соати ғалабаро тезонад.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд.  

Дар байни онҳо Қаҳрамонони Иттифоқи Шуравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Сафар Амиршоев, Исмат Шарифов, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов, Чӯтак Урозов, Бояркин В.И ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.

Боиси хурсандист, ки баъди  ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳи он пайваста  ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо бояд саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро ба таври зарурӣ омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба ватан ба таври доимӣ ташвиқ намоем”.

Ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ рафтани ҷавонон, аз ҷумла хатмкардагони донишгоҳи мо ва содиқонаву софдилона ҳифз намудани марзу буми кишвар худ далели он аст, ки насли ҷавони кишвар идомадиҳандаи корнамоиҳои насли калонсол буда, баҳри устувории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият масъулият ҳис карда, қарзи шаҳрвандии хешро софдилона баҷо меоранд.

Бори дигар Рӯзи Ғалаба ба ҳамаатон муборак бошад!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top