4 – уми марти соли 2023 дар донишгоҳ шанбегӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони раёсати хоҷагидорӣ иштирок намуданд.
Онҳо дар ҳудуди донишгоҳ ва минтақаи ба он вобастакардашуда, бехи гулу гулбуттаҳо, гирду атрофи дарахтон ва қитъаҳои муайяншударо тозаю озода, нарм ва рӯбучин карда, инчунин, гулу гулбуттаҳои нав шинониданд ва дар ободонию хуррамгардонии ин боргоҳи илму маърифат саҳм гузоштанд.
Корҳои ободонию созандагӣ дар донишгоҳ минбаъд низ идома меёбанд.
Шуъбаи табъу нашр