2 – юми феврали соли 2023 дар донишгоҳ кафедраи фанҳои гуманитарӣ зери унвони “Нақши зан дар ҳаёти сиёсии ҷомеа” семинари илмӣ – назариявӣ баргузор намуд.
Семинарро муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева оғоз намуда, доир ба муҳиммияту мубрамияти мавзӯи матраҳшуда ибрози андеша кард.
Мудири кафедра, номзади илми сиёсӣ Ҷаъфар Неъмонов низ фикру мулоҳизаҳояшро перомуни мавзӯи мавриди назар баён кард.
Сипас мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии “Тарзи ташаккули ҳаёти солим” – и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саёҳати Насриддин дар мавзӯи “Нақши зан дар пешгирии никоҳи хешутаборӣ”, муаллими калони кафедра Зарафшон Каримова дар мавзӯи “Нақши зан дар ҳаёти сиёсии ҷомеа” ва омӯзгори ҳамин кафедра, номзади илми фалсафа Эшонқул Бойназаров дар мавзӯи “Мақоми зан аз нигоҳи дини ислом” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Ҷаъфар Неъмонов ба нотиқон барои суханронии пурмуҳтаво арзи сипос кард.
Шуъбаи табъу нашр