Вохӯрӣ бо намояндаи “Фурӯз”

Бинанда: 564 | Санаи нашр: 20 Феврал 2023

16 – уми феврали соли 2023 дар донишгоҳ бо ибтикори кафедраи молияи факултети молия ва қарз дар доираи мавзӯи “Нақши ташкилотҳои маблағгузории хурд дар бозори хизматрасонии молиявӣ” чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он сардори идораи кадрҳои Ташкилоти амонатии маблағгузории хурди “Фурӯз” Фахриддин Сафаров иштирок намуд.

Чорабиниро мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Бойалӣ Ҳусейнов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, доир ба ҳамкории донишгоҳ бо ташкилоту муассисаҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ сухан гуфт.

Сипас Фахриддин Сафаров перомуни мавзӯи зикршуда маърӯза намуда, зикр кард, ки Ташкилоти амонатии маблағгузории хурди “Фурӯз” фаъолияти худро аз моҳи марти соли 2006 бо гирифтани иҷозатнома барои амалиёти қарздиҳӣ оғоз намудааст ва рисолати он расонидани хизмати молиявӣ барои рушди бардавом ва дарозмуддати Тоҷикистон мебошад. Мавсуф, инчунин, ба суолҳои донишҷуён посух гуфт.

Дар фарҷоми чорабинӣ мудири кафедраи молия Баҳодур Дӯстматов аз номи раёсати донишгоҳ ба Фахриддин Сафаров арзи сипос кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top