Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон

Бинанда: 736 | Санаи нашр: 14 Феврал 2023

13 – уми феврали соли равон дар донишгоҳ ба муносибати 30 – солагии Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон” ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он собиқадори Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии мамлакат, полковник Сайфулло Мӯсоев, афсари ниҳоди зикршуда, полковник Одина Маликов, мудири шуъбаи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҳамин ниҳод Насриддин Ҳомидзода иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева оғоз намуда, доир ба аҳаммияти зиёди тарбияи маънавӣ – ахлоқии ҷавонон дар замони муосир ибрози андеша кард.

Сипас Сайфулло Мӯсоев, Одина Маликов, Муслим Одиназода ва Насриддини Ҳомидзода ҳозиринро ба ифтихори 30 – солагии Артиши миллии кишвар шодбош гуфта, перомуни тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон, боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандории онҳо, ташаккули Артиши миллӣ дар давраи истиқлоли давлатии кишвар, хизмат ба Ватан, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони имрӯза, ҳимояи марзу буми Меҳан ва дигар масоили муҳим суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Гулнора Ҳисориева ба нотиқон барои суханронии пурмуҳтавою ибратомӯз арзи сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top