10 – уми ноябри соли 2022 дар донишгоҳ бо ибтикори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ мизи мудаввари фосилавӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили мубрами рушди давлатдории миллӣ” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳадафи ин чорабинӣ аз мубодилаи афкор доир ба масоили рушди конститутсионии Тоҷикистон, давлатдории миллӣ ва инчунин, гиромидошти хотираи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, академик Раҷабов Солеҳ Ашӯрхоҷаевич иборат буд.
Дар мизи мудаввар олимони ҳуқуқи соҳаи давлатшиносӣ, коршиносони миллӣ ва хориҷӣ, докторантҳо, аспирантҳо, магистрантҳо ва дигар мутахассисони соҳаи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Мизи мудавварро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов оғоз намуда, доир ба нақши муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ ибрози андеша кард.
Дар мизи мудаввар Ҷабборов Фарҳод Нозимович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “С.А.Раҷабов – ҳаёту фаъолияти бисёрҷабҳаи олим”, Нематов Акмал Рауфҷонович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Академик Раҷабов С.А. – ташкилотчии барҷастаи илм ва таҳсилоти олӣ”, Махина Светлана Николаевна, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Россия дар мавзӯи “Ғайримутамарказгардонӣ дар рушди давлатдории муосир: ҷанбаҳои мусбӣ ва манфӣ”, Юсубов Элман Сулейманович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи маъмурии Донишкадаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Томски Федератсияи Россия дар мавзӯи “Қонуни асосии давлат ва арзишҳои конститутсионӣ”, Раззоқов Баҳодур Ҳаётович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили такмили минбаъдаи давлатдории миллӣ” ва Раззоқзода Тамкин Мурод, унвонҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Аҳаммияти консепсияи “идоракунии судманд” дар таҷҳизи тарҳи конститутсионии идораи маҳаллӣ” бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.
Шаропов Фарҳод Разоқович, Иброҳимов Солиҷон Иброҳимович, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Қудратов Некрӯз Абдунабиевич, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ зимни музокира фикру мулоҳизаҳояшонро дар доираи мавзӯи мавриди назар баён карданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиёни ҳамоиш зикр карданд, ки Раҷабов Солеҳ Ашӯрхоҷаевич аввалин доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва нахустин академики ватанӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ маҳсуб ёфта, байни доираҳои коршиносии миллӣ ва хориҷӣ ҳамчун ташкилотчии барҷастаи илм ва таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон эътироф шудааст.
Мавсуф асарҳои зиёди илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар соҳаи рушди давлат ва ҳуқуқ таълиф намуда, дар рушди илми ҳуқуқшиносии ватанӣ, омодасозии кадрҳои миллии ҳуқуқшиносӣ саҳми назаррас гузоштааст ва фаъолияти илмию омӯзгориро дар ҳамбастагии зич бо фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ пеш бурдааст. Ҳаёту фаъолияти академик С.А.Раҷабов мояи ифтихор буда, барои камолоти олимони ҷавон намунаи барҷастаи хизмати софдилона баҳри шукуфоии Ватан маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин иштирокчиёни мизи мудаввар таъкид доштанд, ки бо қабули умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳроҳи рушди мамлакат муайян гашта, таҳкурсии устувори ҳуқуқӣ барои дигаргунсозиҳои амиқ дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа гузошта шуд.
Шуъбаи табъу нашр