18.08.2021 дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ карда шуданд.
Раёсат, ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ муҳтарам Маҳмадалӣ Қурбонзодаро бо ин комёбӣ муборакбод намуда, итминони комил доранд, ки ректори донишгоҳ минбаъд низ ба боварии Пешвои муаззами миллат содиқ монда, дар рушду нумӯи соҳаи илму маорифи ватани азизамон саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт.