Чанде пеш ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба тариқи видеоконфронс гузаронида шуд ва дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои иқтисодии ИДМ Давлаталӣ Саид иштирок ва суханронӣ намуд.
Боиси хушнудӣ ва сафарозист, ки дар ин ҷаласаи муҳим қарор дар бораи ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон додани мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба омода намудан, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар соҳаи суғурта қабул гардид.
Раёсат ва ҳайати илмӣ-омӯзгории донишгоҳ аз ин навиди муҳим дар остонаи Соли нави мелодии 2021 бисёр шоду хурсанд гардида, саъю кӯшиш менамоянд, ки дар оянда низ обрӯю нуфузи донишгоҳро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардошта, саҳми арзандаи худро дар омода намудани мутахассисони лаёқатманди дар бозори меҳнат рақобатпазир гузоранд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа