Бо мақсади муайян намудани дараҷаи қаноатмандии донишҷӯёни курсҳои 2-юм ва 3-юм аз раванди таълиму тарбия ва таҳияи тадбирҳо доир ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шакли рӯзонаи таҳсил дар донишгоҳ аз 2-юм то 5-уми декабри соли равон аз ҷониби мутахассисони шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифати раёсати рушди стратегӣ ва таъмини сифати таҳсилот дар байни донишҷӯён назарсанҷӣ ба тариқи электронӣ гузаронида шуд.
Натиҷаи назарсанҷӣ, ки ба тариқи пӯшида сурат гирифт, барои амалӣ намудани тадбирҳо доир ба беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот истифода бурда мешавад.
Шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат